Мулоқоти ҷонибҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи китоб ва нашр


Муҳсин Ҷаводӣ ва Иброҳим Ҳайдари бо Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, мулоқот карданд ва оид ба густариши ҳамкорӣ дар нашр ва китоб гуфтугӯ шуд.
Муҳсин Ҷаводӣ, муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, ҳамроҳ бо Иброҳим Ҳайдари, мудири кулли Хонаи китоб ва адабиёти Эрон, бо Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, мулоқот ва гуфтугӯ кард.
Ин нишаст бо ҳузури чанд тан аз нашриётҳои бонуфузи Тоҷикистон баргузор шуд ва ҷонибҳо бар зарфиятҳои густурдаи фарҳангӣ ва забонӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон ва роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи китоб ва нашр таъкид карданд.
Густариши ҳамкорӣ миёни нашриётҳои ду кишвар, фароҳам кардани замина барои чоп ва нашри муштараки осор, табодули таҷриба ва дониши тахассусӣ дар саноати нашр ва фиристодани ҳайатҳои тахассусӣ аз меҳварҳои матраҳшуда дар ин мулоқот буд. Ҳозирин ҳамчунин бар аҳамияти забони форсӣ ҳамчун яке аз пайвандҳои таърихӣ ва фарҳангии ду миллат таъкид карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»