Оғози сафари корӣ ба Туркманистон


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Туркменбошии Туркманистон ворид шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.
Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок хоҳанд кард.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»