Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мешавад


Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Қоҳир Расулзода баргузор мешавад. Пеш аз оғози ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзо, Дабири кулли СҲШ ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ-ро қабул мекунад.
Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати маҳдуд ва васеъ таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор мешавад.
Пеш аз оғози ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои СҲШ, Дабири кулли СҲШ ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ-ро ба ҳузур мепазиранд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ шуда, натиҷаҳои кори муштарак ҷамъбаст ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда дар доираи СҲШ муайян карда мешаванд.
Манбаъ: Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»