Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
7 октябри 2026 Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар минтақаи миллии сайёҳии «Аваза»-и Туркманистон иштирок кард.
7 октябри 2026 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар минтақаи миллии сайёҳии «Аваза»-и Туркманистон иштирок кард.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа масъалаҳои марбут ба тақвияти равобити сиёсӣ ва рушди ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёт ва рушди инфрасохтор, технология ва коммуникатсия, инчунин равобити фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин оид ба рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. Вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро мувофиқа намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»