Иштирок ва суханронӣ дар нахустин Ҳамоиши сарони давлатҳои қолаби Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея


16 сентябр дар Сеул Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин ҳамоиши сарони давлатҳои қолаби Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуд. Дар анҷом Эъломияи Сеул қабул ва чанд санади ҳамкорӣ имзо шуд.
16 сентябр дар шаҳри Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши сарони давлатҳо дар қолаби Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар нишаст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Корея ва сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимии ҷониби Корея изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки густариши ҳамкорӣ дар ин қолаб дар шароити пуртазоди имрӯза аҳамияти хос дорад. Роҳбари давлат ин сатҳи ҳамкориро таҷассумгари талошҳо ба сӯи рушди муштарак, тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу суботи пойдор арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамоиш инчунин зарурати тақвияти ҳамкории иқтисодӣ, эҷоди занҷираҳои устувори таъминот ва ҳамкории наздиктар дар баробари таҳдидҳои иқлимӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, камбудии оби тоза ва обшавии пиряхҳо таъкид гардид. Дар фарҷом Эъломияи Сеул қабул шуд ва дар ҳошияи чорабиниҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва занҷираҳои таъминот миёни панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, инчунин Ташаббуси шарикии оянда дар соҳаи зеҳни сунъӣ, илм ва технология имзо гардид.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»