Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА баррасӣ шуд


Дар Женева намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарияти Барномаи АСИКУДА-и UNCTAD масъалаҳои натиҷаҳои лоиҳа, рақамикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукиро баррасӣ карданд.
Душанбе, 2026-10-07. Дар Женева мулоқоти Шараф Шерализода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, ва Азим Турсунзода, муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарияти Барномаи АСИКУДА-и Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) Рено Масснэ ва ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи АСИКУДА Дмитрий Гадунов баргузор гардид.
Ҷонибҳо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи АСИКУДА, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ, рақамикунонии равандҳои гумрукӣ ва содагардонии расмиёти савдо, инчунин дурнамои рушди минбаъдаи низоми рақамии гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»