Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея созишномаи ҳамкории техникӣ имзо карданд


Дар Сеул, дар пайи мулоқотҳо ва музокироти сатҳи баланд миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, 15 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд, аз ҷумла созишномаи ҳамкории техникӣ байни мақомоти соҳавии ду кишвар.
16 сентябр дар Сеул, дар пайи мулоқотҳо ва музокироти сатҳи баланд миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, созишномаи ҳамкории техникӣ байни «Хадамоти назорати давлатии бехатарии анҷоми корҳо дар саноат ва назорати кӯҳӣ» назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Агентии Корея оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат» имзо шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, ин созишнома барои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳӣ аҳамияти муҳим дорад. Он ба таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ, рушди робитаҳои касбӣ ва табодули таҷриба миёни мақомоти соҳавии ду давлат ва инчунин ба роҳ мондани ҳамкории муассир дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва саломатии кормандон равона шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»