Суханронӣ дар Донишгоҳи Корея


Президенти Тоҷикистон дар Донишгоҳи Корея суханронӣ карда, барои сарфароз гардидан бо унвони доктори фахрӣ изҳори сипос намуд. Ӯ густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин табодули академиро миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея муҳим арзёбӣ кард.
Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ дар Донишгоҳи Корея аз роҳбарият ва Шурои илмии донишгоҳ барои додани унвони доктори фахрӣ сипос гуфт ва ин иқдомро боз як нишонаи таваҷҷуҳи ду кишвар ба рушди муносибатҳои дӯстона ва арзишҳои муштараки илмӣ ва фарҳангӣ донист.
Ӯ бо ишора ба ҷойгоҳи илм ва маърифат дар таъриху тамаддуни тоҷикон таъкид кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди таҳсилоти олӣ, афзоиши шумораи донишгоҳҳо ва фароҳамсозии имкониятҳои таҳсил барои ҷавонон дар хориҷи кишвар тадбирҳо меандешад. Ба гуфтаи ӯ, зиёда аз 40000 донишҷӯи тоҷик дар қариб 50 кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Корея, таҳсил доранд.
Сухангӯ ҳамчунин муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяро рӯ ба густариш арзёбӣ карда, ба идомаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Корея, тавсеаи табодули академӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва таҳқиқотӣ, инчунин таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иқтисод, технологияҳои рақамӣ, энергетика ва сайёҳӣ даъват намуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»