Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои рақамикунонии расмиёти гумрукӣ, татбиқи низоми ASYCUDA, баланд бардоштани шаффофият ва назорати фаъолияти ширкатҳои брокерӣ баррасӣ гардиданд. Аз камбудиҳо дар кори баъзе мутахассисон низ ёдовар шуда, нисбат ба чанде аз онҳо чораҳо андешида шудаанд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли тиҷорату саноат, ширкатҳои брокерӣ ва масъулони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук иштирок карданд. Масъалаҳои рақамикунонии расмиёти гумрукӣ, татбиқи низоми иттилоотии ASYCUDA, шаффофияти хизматрасониҳо ва пешгирии камбудиҳо дар фаъолияти ширкатҳои брокерӣ баррасӣ шуданд.
Инчунин гуфта шуд, ки дар фаъолияти баъзе мутахассисони барасмиятдарории гумрукии ширкатҳои брокерӣ камбудиҳо ошкор шудаанд. Тибқи фармоишҳои Хадамоти гумрук, шаҳодатномаҳои тахассусии 15 нафар бекор, шаҳодатномаҳои 47 нафар ба муҳлати 9 моҳ бозхонд ва шаҳодатномаҳои 6 нафари дигар ба муҳлати 6 моҳ боздошта шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»