Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум (5G) бо ҳадафи баррасии дурнамо, самтҳои афзалиятноки рушд ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи телекоммуникатсия баргузор мешавад.
Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум дар доираи иҷрои муқаррароти «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» доир шуда, намояндагони мақомоти давлатӣ, операторони телекоммуникатсионӣ, ширкатҳои технологӣ ва шарикони байналмилалиро ба ҳам меорад. Ҳадафи асосӣ баррасии нақшаҳо ва афзалиятҳои миллии Тоҷикистон дар рушди шабакаҳои алоқаи мобилии насли панҷум, такмили соҳаи телекоммуникатсия ва таҳияи стратегияи миллӣ дар ин самт мебошад. Иштирокчиён инчунин масъалаҳои истифодаи самараноки спектри басомадҳо, иқтисодиёти алоқаи мобилӣ ва рушди хизматрасониҳои 5G-ро баррасӣ мекунанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»