Маросими оғози барномаи табодули академӣ барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар Чин баргузор шуд


Дар Институти касбӣ-техникии Чанчун барои 10 донишҷӯи Институти байналмилалии Хуҷанд барномаи табодули академӣ ифтитоҳ гардид.
Дар Институти касбӣ-техникии Чанчун дар Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими оғози барномаи табодули академӣ барои 10 донишҷӯи Муассисаи давлатии «Институти байналмилалии Хуҷанд»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба иттилои НИАТ «Ховар», ифтитоҳи барнома як қадами муҳим дар густариши фаъолияти байналмилалии Институти байналмилалии Хуҷанд ва таҳкими ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии Чин мебошад. Барнома ҳамчунин ба рушди робитаҳои байналмилалии илмӣ дар заминаи ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» мусоидат мекунад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон