Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд


Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи 70-умин Конфронси генералии АБНА дар Вена оид ба дастовардҳои кишвар дар табобати шуоӣ ва саратоншиносӣ сухан гуфт.
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вена дар доираи 70-умин Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» иштирок намуд.
Муовини вазир дар форум оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти табобати шуоӣ ва саратоншиносӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи «Барномаи миллии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ барои солҳои 2025-2030» маълумот манзур намуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»