Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд


Ҳайатҳои парлумонии чанд кишвари Осиёи Марказӣ дар Душанбе аз Театри миллии Тоҷикистон боздид карда, бо толорҳо ва ороиши он шинос шуданд.
Душанбе, 2026-10-28 — Роҳбарони парламентҳои Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Қирғизистон барои иштирок дар кори чорумин Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Душанбе омаданд.
Нимаи дуюми рӯз меҳмонон ҳамроҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Театри миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Зимни боздид аз ин иншооти муосири фарҳангӣ меҳмонон аз даромадгоҳ, толорҳои асосӣ, консертӣ ва конференсияҳо шинос шуда, аз нақшу нигор, ҷузъиёти ороиши миллӣ, шаклу тарҳи толорҳо, ороиши дохилию берунӣ ва унсурҳои бадеӣ таассуроти нек бардоштанд.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»