28 October Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Луис Инасиу Лула да Силва барои аз нав интихоб шуданаш ба маснади Президенти Бразилия барқияи табрикӣ ирсол кард.
Дар барқия Президенти Тоҷикистон Лула да Силваро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия самимона табрик гуфтааст. Дар паём гуфта мешавад, ки пирӯзии ӯ дар интихобот нишонаи дастгирии шаҳрвандони Бразилия аз сиёсати пешгирифтааш дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии кишвар аст.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дӯстӣ ва идомаи муколамаи созандаи байнидавлатӣ бо Бразилияи дӯст манфиатдор мебошад. Ҷониби Тоҷикистон дурнамои ҳамкориҳоро нек арзёбӣ карда, омодагии худро барои андешидани тадбирҳои муштараки амалӣ дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор намудааст.
Дар анҷом ба Луис Инасиу Лула да Силва саломатии бардавом ва комёбиҳо дар фаъолияти минбаъдаи давлатӣ, ва ба мардуми дӯсти Бразилия сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»