Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ баррасӣ карданд


Сафири Тоҷикистон дар Миср ба Egypt Smart Village ташриф овард ва бо раиси Silicon Waha Адил Дониш мулоқот кард. Ҷонибҳо густариши ҳамкориро тавассути сафарҳои дуҷониба ва шиносоӣ бо имкониятҳои ҳамдигар зарур донистанд.
Душанбе, 2026-10-20 /Ховар/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода ба парки технологии Миср Egypt Smart Village ташриф овард ва бо раиси Silicon Waha Адил Дониш мулоқот намуд.
Дар ҷараёни гуфтугӯ ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо густариши онро тавассути ташкили сафарҳои дуҷониба ва шиносоӣ бо имкониятҳои ҳамдигар мувофиқ донистанд.
Ҳамчунин омӯзиши таҷрибаи беш аз 25-солаи Миср дар ин самт муҳим арзёбӣ гардид.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»