Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд


Дар Душанбе таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллӣ баргузор гардид. Аъзои палата рӯзномаи 51-масъаларо тасдиқ карда, як қатор қонунҳо ва тағйиру иловаҳоро баррасӣ намуданд.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия иборат аз 51 масъала қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Сипас, раисони кумитаҳои соҳавӣ хулосаҳои худро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Дар идома, аъзои Маҷлиси миллӣ Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва «Дар бораи муҳоҷират»-ро, ҳамчунин як қатор қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳои амалкунанда баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дастгирӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ ваколати узви Маҷлиси миллӣ Мирзонабот Алишер бинобар вафоташ пеш аз муҳлат қатъ гардида, ӯ аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллӣ бозхонд карда шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон