ВарзишМанбаи тоҷикӣ
Имрӯз тими миллии футболи Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон бозии дӯстона баргузор мекунад
Санаи нашр:
Имрӯз, 23 сентябри 2026, дар Варзишгоҳи «Palms Sports Arena»-и шаҳри Боку миёни дастаҳои миллӣ бозии дӯстона баргузор мешавад.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», имрӯз, 23 сентябри 2026, дар Варзишгоҳи «Palms Sports Arena»-и шаҳри Боку байни дастаҳои мунтахаби миллии Озарбойҷон ва Тоҷикистон бозии дӯстона баргузор мешавад. Ин маълумотро Федератсияи футболи Тоҷикистон ба «Ховар» додааст.
Вохӯрӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мегардад, ки ба соати 21:00 ба вақти Душанбе баробар аст. Ин бозӣ барои тими миллии Тоҷикистон яке аз санҷишҳои навбатӣ дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»