Дар 9 моҳи соли 2026 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд 106.4 фоиз иҷро шуда, 87.3 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар 9 моҳи соли 2026 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд 106.4 фоиз иҷро шуд.
Мувофиқи нишондодҳои оморӣ, ба ҷойи 1319.7 миллион сомонии пешбинишуда 1404.5 миллион сомонӣ ворид гардид. Аз 3812.4 миллион сомонии пешбинишуда барои қисми хароҷот, 3762.2 миллион сомонӣ ё 98.7 фоизи нақша таъмин шуд. Аз ҷумла, ба соҳаҳои асосӣ 3283.5 миллион сомонӣ равона гардид: маориф 2105.7 миллион сомонӣ, тандурустӣ 956.4 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 197.8 миллион сомонӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 23.6 миллион сомонӣ.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»