Муносибатҳои расмӣМанбаи тоҷикӣ
Дар мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон бо директори иҷроияи Korea Eximbank густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуд


Дар Сеул вазири нақлиёти Тоҷикистон ва намояндаи Korea Eximbank масъалаи густариши ҳамкорӣ ва ҷалби маблағгузории дарозмуддат барои лоиҳаҳои инфрасохториро баррасӣ карданд.
Дар мулоқоти Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Со Ҷонг-Хва, директори иҷроия ва роҳбари гурӯҳи амалиётии EDCF Бонки содироту воридоти Корея (Korea Eximbank), дар Сеул масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҷалби маблағгузории дарозмуддат барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ ва таҳкими ҳамкории минбаъда дар ин самтро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»