19 октябри 2026 дастаи футболи «Хуҷанд» таҳти роҳбарии Милан Миланович дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2026 бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуда, бори шашум қаҳрамон гардид.
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Хуҷанд» таҳти роҳбарии мутахассиси сербиягӣ Милан Миланович дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, бори шашум дар таърихи худ соҳиби ин ҷоизаи фахрӣ гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, қаблан дастаи «Хуҷанд» солҳои 1997/1998, инчунин солҳои 2002, 2008, 2017 ва 2021 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда буд. Барои пирӯзӣ дар Ҷоми Тоҷикистон-2026 даста бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардида, роҳхати марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2027/2028-ро низ ба даст овард.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»