Роҳбарони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд


Дар ҳошияи Форумии чоруми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар майдони Дӯстии Душанбе маросими гулчанбаргузорӣ баргузор шуд.
ДУШАНБЕ, 2026-10-29 / АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар ҳошияи Форуми чоруми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар майдони Дӯстии пойтахт маросими гулгузории роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Меҳмонони олиқадр бо ҳамроҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фазои тантанавӣ зери пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулу гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик эҳтиром ба ҷо оварданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»