Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои ҷалби бештари сайёҳон аз кишварҳои Халиҷ тадбирҳои таблиғотиро тақвият дода, ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳиро густариш медиҳад.
Душанбе, 2026-10-28, АМИТ «Ховар». Имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла захираҳои нодири табиӣ, манзараҳои кӯҳсор, кӯлҳои зебоманзар ва мероси ғании таърихию фарҳангӣ, дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои байналмилалӣ қарор доранд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб иттилоъ доданд, сафорат барои ҷалби бештари сайёҳон аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ тадбирҳои таблиғотиро тақвият дода, ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳӣ густариш медиҳад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои меҳмонони хориҷӣ имкониятҳои гуногуни сайёҳиро пешниҳод менамояд, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии фарҳангӣ ва табобатию солимгардонӣ, инчунин шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихӣ, анъанаҳои миллӣ ва таомҳои маҳаллӣ.
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия