Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея хонум Ҳан Сон Сук


16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Корея бо Сарвазир Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд. Дар суҳбат густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд.
16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея бо Сарвазири ин кишвар хонум Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд.
Дар оғози мулоқот муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки рушду густариши робитаҳо бо Ҷумҳурии Корея яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ҷонибҳо рушди ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои гуногунҷанбаро муҳокима карда, барномаҳои Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIKA) дар Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Кореяро муҳим номиданд.
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт, инчунин фаъолтар кардани абзорҳои дуҷониба, бахусус Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, зарур шумурда шуд. Таъсиси Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба ҳамкории саноатӣ ва сармоягузорӣ низ пешниҳод гардид. Ҳамчунин ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, бонкдорӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисод алоқамандӣ изҳор шуд.
Дар мулоқот доир ба тавсеаи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ва сода гардондани ин раванд табодули назар сурат гирифт. Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ, ба хусус Созмони Милали Муттаҳид, ва мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаҳониро баррасӣ карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»