Имзои санади ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея


Дар шаҳри Сеул, дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея, ёддошти тафоҳум оид ба мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ ба имзо расид.
Дар шаҳри Сеул, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея, ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея (KoFIU) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ ба имзо расид.
Санад ба густариши ҳамкории дуҷониба дар мубодилаи иттилооти марбут ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии вобаста ба он ва маблағгузории терроризм равона шудааст. Он ҳамчунин ба таҳкими ҳамкории касбӣ, табодули таҷриба ва ҳамкории байналмилалӣ дар муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мусоидат мекунад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»