Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё баргузор гардид. Дар он намояндагони кишварҳои узв ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок карданд.
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа намояндагони давлатҳои аъзои Конвенсияи патентии Авруосиё, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Федератсияи Русия, инчунин Идораи патентии Авруосиё ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои асосии фаъолияти Ташкилоти патентии Авруосиё баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, ҳисоботи солонаи ташкилот барои соли 2025, лоиҳаи буҷети он барои соли 2027, пайвастан ба Шартномаи Риёз оид ба қонунгузорӣ дар соҳаи намунаҳои саноатӣ аз 2024-11-22 ва масъалаи тақдими медали тиллои ба номи В.И. Блинников «Барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентӣ» муҳокима гардид.
Ҳамчунин мақоми Ташкилоти патентии Авруосиё ҳамчун мақоми байналмилалии ҷустуҷӯӣ ва экспертизаи пешакии байналмилалӣ дар доираи Шартнома оид ба ҳамкории патентӣ ва интихоби раиси Шурои маъмурии ташкилот ва муовинони ӯ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар анҷом Ҷумҳурии Арманистон раиси нави Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё интихоб шуд ва қарор қабул гардид, ки ҷаласаи навбатӣ соли 2027 дар шаҳри Москва баргузор шавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»