Дар шаҳри Ваҳдат 16 иншоот ба таври фосилавӣ ифтитоҳ шуд


24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд.
Дар байни иншооти ифтитоҳшуда корхонаи истеҳсоли шишаи ҶДММ Хушрӯз дар деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов бо 30 ҷойи корӣ низ қарор дорад. Ҳамчунин корхонаи дӯзандагии ҶДММ Хушрӯз ва корхонаи истеҳсоли ҳасиби ҶДММ Баҳроми пурфайз ба фаъолият оғоз карданд ва наздик ба 100 ҷойи кори доимӣ фароҳам шуд.
Дар ҳамин рӯз 5 бинои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Закия барои 210 кӯдак, маркази саломатии тиббии сутунмуҳра бо 30 кат дар маҳаллаи Кофиёни шаҳраки ба номи Нуъмон Розиқ, маркази нави саломатӣ дар деҳоти Баҳористон, инчунин чанд иншооти варзишӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд. Тибқи иттилоъ, дар шаҳри Ваҳдат беш аз 130 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунанд ва дар доираи корҳои ободонӣ ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ 812 иншоот ба истифода супурда шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»