Маросими гулчанбаргузорӣ дар Оромгоҳи миллии Корея


16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея дар Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии ин кишвар гулчанбар гузошт.
Дар макони чорабинӣ қаровули фахрӣ саф кашида буд. Қабл аз гузоштани гулчанбар меҳмони олиқадр - Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Корея арзи эҳтиром намуд.
Ба хотири руҳи гузаштагон дақиқаи хомушӣ эълон карда шуд. Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ дастхат гузошт. Дар ин маросим Сарвари давлатро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Корея ҳамроҳӣ намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»