Дар ҳамоиши минтақавии AIIB барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Истамбул афзалиятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
ДУШАНБЕ, 2026-10-28 / АМИТ «Ховар» хабар дод, ки афзалиятҳои сармоягузории Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, ки дар шаҳри Истамбул баргузор гардид, муаррифӣ карда шуд.
Дар ин ҳамоиш муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода дар бораи самтҳои афзалиятноки рушди Тоҷикистон дар доираи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» сухан гуфт. Ӯ инчунин дар бораи амнияти энергетикӣ, рушди робитаҳои нақлиётӣ, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои обӣ ва ҷалби сармояи хусусӣ маълумот дод.
Ҳамзамон натиҷаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонк баррасӣ шуданд. Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои муассиси Бонк то имрӯз барои татбиқи чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт зиёда аз 430 миллион доллари ИМА маблағгузории тасдиқшуда дорад. Дар вохӯрӣ ба имзо расидани «Барномаи бисёрсолаи сармоягузорӣ барои солҳои 2026–2029» дар моҳи майи соли 2026 бо ҳаҷми пешбинишуда тақрибан 800 миллион доллари ИМА таъкид гардид.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»