Тоҷикистон ва Ҷопон бунёди пули нав аз болои дарёи Кофарниҳонро баррасӣ намуданд


Дар Душанбе зимни мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон бо сафири Ҷопон ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи роҳу нақлиёт ва бунёди пули нав аз болои Кофарниҳон баррасӣ шуд.
Дар шаҳри Душанбе вазъи кунунии робитаҳои Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи роҳу нақлиёт ва дурнамои ҳамкорӣ дар ин самт зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон, хонум Кейко Фурута, баррасӣ гардид.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамчун ду кишвари дӯст ҳамкории судмандро дар соҳаҳои гуногун, ба хусус дар соҳаи роҳу нақлиёт, ба роҳ мондаанд. Давоми чоряк аср бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 лоиҳаи хурду бузург амалӣ гардидааст. Аз ҷумла, 12 лоиҳа тавассути Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) оид ба сохтмон ва ташхиси техникии роҳу пулҳо, харидории техникаи нигоҳдории роҳҳо ва пешниҳоди бурсияҳои омӯзишӣ барои кормандони соҳа амалӣ шудаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»