Дастовардҳои 35 соли истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «AVA Diplomatic»-и Эрон ба нашр расид


Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Эрон бо сардабири маркази хабариву мутолиотии «AVA Diplomatic» ба забонҳои англисӣ ва форсӣ нашр шуд.
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаи Низомиддин Зоҳидӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо сардабири Маркази хабариву мутолиотии «AVA Diplomatic» дар Эрон ба забонҳои англисӣ ва форсӣ ба нашр расид.
Дар мусоҳиба сафир ба суолҳои Муҳаммадризо Назарӣ оид ба муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ посух дода, нақши сарнавиштсози Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, дар таъмини сулҳу ваҳдат ва суботи комил дар мамлакат, рафъи пайомадҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, татбиқи муваффақи ҳадафҳои стратегии кишвар ва ворид шудани Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устуворро бо такя ба омор ва далелҳои мушаххас таъкид намуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»