Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор шуд


Дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва кормандони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов роҳгардӣ ва машқи умумии пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.
Имрӯз дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва кормандони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов роҳгардӣ ва машқи умумии пагоҳирӯзӣ таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» баргузор гардид. Чорабинӣ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатии аҳолӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба машғулиятҳои мунтазами ҷисмонӣ равона шуда, дар заминаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш доир гардид. Ҳозирин дар фазои дӯстона машқҳои гуногуни ҷисмониро анҷом доданд. Омӯзгорону кормандони донишкада бо иштироки фаъолона дар ин иқдом аҳаммияти варзишро ҳамчун ҷузъи муҳими ҳаёти солим таъкид намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»