Дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо намояндаи тиҷоратии Ҳукумати Британияи Кабир масъалаи ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод баррасӣ шуд.
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо намояндаи тиҷоратии Ҳукумати Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон лорд Ҷон Алдердайс ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар Душанбе баррасӣ шуд. Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо инчунин дурнамои ҳамкории сармоягузории Тоҷикистону Британияи Кабирро баррасӣ намуда, доир ба ҷалби сармояи Британия ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон, маблағгузории лоиҳаҳои муштарак ва густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ табодули афкор намуданд. Ҳамзамон ҷонибҳо аҳамияти густариши робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ду кишварро таъкид намуда, барои пешбурди ташаббусҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории барои ҳар ду ҷониб судманд изҳори омодагӣ намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»