Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ дар Туркманистон


9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ дар минтақаи Авазаи Туркманистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон дар оғози сухан аз ҷониби Туркманистон барои сатҳи баланди ташкил ва меҳмоннавозии анъанавӣ сипос гуфт ва анҷоми бомуваффақияти раёсат дар ИДМ-ро табрик намуд. Ӯ ҷаласаи мазкурро дар партави 35-умин солгарди таъсисёбии ИДМ рамзӣ арзёбӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки роҳи тайшуда аҳаммияти ИДМ-ро ҳамчун майдони муколамаи сиёсӣ, рушди робитаҳои иқтисодиву гуманитарӣ ва вокуниши муштарак ба хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ нишон медиҳад. Ӯ рушди ҳамкории технологӣ, навовариҳо, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди сабз ва лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи неруи барқароршавандаро муҳим хонд, инчунин тақвияти робитаҳои нақлиётӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ ва ҳамёрии амниятиро зарур донист.
Раҳбари давлат бо ишора ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда гуфт, ки моҳи июни 2027 дар Душанбе бо СММ ва дигар шарикони байналмилалӣ конфронси байналмилалии сатҳи баланд барои оғози расмии ин Даҳсола баргузор мешавад. Ӯ ҳамчунин аз идомаи ҳамкории созандаи бисёрҷониба дар доираи ИДМ пуштибонӣ кард.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»