Дар 9 моҳи соли равон истеҳсоли моҳӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 5.6 фоиз зиёд шуда, ба 3276 тонна расид.
ДУШАНБЕ, 25.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли моҳӣ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 5.6 фоиз афзуд.
Тибқи иттилоъ, барои рушди соҳаи моҳипарварӣ 1300 кӯли табиӣ, 8 обанбор ва 462 хоҷагии моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 45 870 гектар, аз ҷумла 42 931 гектар обанбор ва 2 939 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ, самаранок истифода мешаванд. Ҳаҷми истеҳсоли моҳии молӣ ба 3276 тонна расида, 53 тонна моҳӣ низ ба хориҷ содирот шудааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки дар ҷумҳурӣ 27 корхона ба истеҳсоли хӯроки моҳӣ машғул буда, аз 25 то 35 фоизи хоҷагиҳои моҳипарвариро бо хӯрок таъмин мекунанд. Ҳамчунин қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2023-2027, барои рушди соҳа замина фароҳам овардаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»