Дар Гулистон нақши геология дар рушди саноати Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад


Дар Гулистон конфронси байналмилалии илмию амалӣ «Нақши геология дар рушди саноати кишвар» ва Конфронси IX корбарони «Micromine-2026» бо ҳузури тақрибан 200 намоянда аз 9 кишвар баргузор мешавад.
Дар Гулистон конфронси байналмилалии илмию амалӣ «Нақши геология дар рушди саноати кишвар» ва Конфронси IX корбарони Осиёи Марказӣ «Micromine-2026» ҷараён дорад. Ин чорабиниҳо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд.
Дар ҳамоиш тақрибан 200 намоянда аз мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмиву таълимӣ, корхонаҳои истихроҷи маъдан ва мутахассисон аз Австралия, Британияи Кабир, Бразилия, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон иштирок доранд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»