Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
23 сентябри 2026 дар Ню-Йорк созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат имзо шуд.
23 сентябри 2026 дар шаҳри Ню-Йорк созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат ба имзо расид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Созишномаро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷӣ ва диаспораи Ҷумҳурии Сейшел Берри Ҷуд Жан Фор дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Сейшел Патрик Ҳермини ба имзо расониданд. Дар ҳошияи маросим ҷонибҳо инчунин оид ба вазъ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷабҳаи ду кишвар табодули афкор карданд.
Тибқи созишномаи баимзорасида, шаҳрвандони ҳар як тараф, ки дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ мебошанд, ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва будубоши муваққатӣ дар ҳудуди тарафи дигар то 30 рӯз аз талаботи раводид озод мебошанд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»