Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, бо раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор шуд.
Дар ҷараёни суҳбат Валентина Матвиенко Сарвари давлатро ба муносибати зодрӯзашон бо таманниёти нек самимона табрик намуд.
Ҷонибҳо оид ба баъзе паҳлӯҳои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар густариши муносибатҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ саҳми муҳим доранд, табодули назар карданд.
Пешвои миллат бо қаноатмандӣ рушди пайвастаи ҳамкориҳои судманди ду кишварро таъкид намуда, изҳори итминон кард, ки ин робитаҳо минбаъд ҳам дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод, мувофиқ ба манфиатҳои аслии мардумони Тоҷикистон ва Русия, идома хоҳанд ёфт.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»