Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд


Дар Париж бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса чорабинӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.
9 сентябри 2026 дар шаҳри Париж бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса, сафирон ва дигар аъзои корпуси дипломатии муқими Париж, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои соҳибкорӣ, илмию фарҳангии Фаронса, инчунин ҳамватанони муқими ин кишвар иштирок намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»