Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид


Дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркия бо директори Дафтари Раёсати COP31 масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва иштирок дар Ҷаласаи 31-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабӣ оид ба тағйирёбии иқлими СММ баррасӣ шуданд.
26 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо Директори Дафтари Раёсати COP31 Меҳмет Алӣ Каҳрамон мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкории дуҷониба ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои амалии марбут ба омодагӣ ва иштирок дар Ҷаласаи 31-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабӣ оид ба тағйирёбии иқлими Созмони Милали Муттаҳид (COP31), ки дар шаҳри Анталия баргузор мегардад, табодули афкор намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»