Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода дар конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин - 2026 дар шаҳри Сиан иштирок кард. Дар ҷараёни конфронс ҳамкории байнишаҳрӣ дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг, сайёҳӣ ва рушди устувор баррасӣ шуд.
ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин - 2026, ки дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи конфронс масъалаҳои густариши ҳамкории байнишаҳрӣ дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг, сайёҳӣ ва рушди устувор баррасӣ гардиданд.
Дар маросими ҷамъбастии конфронс ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷоизаи «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China) супорида шуд. Ҷоиза аз ҷониби Ассотсиатсияи халқии Чин оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва Ассотсиатсияи шаҳрҳои байналмилалии дӯстии Чин тақдим гардид.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»