Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
15.10.2026 / Ховар / Дар натиҷаи ҳамкории Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб бо гурӯҳи расонаии «IRIS Media» баргузории форум дар беш аз 100 воситаи ахбори омма, пойгоҳҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозии Аморот ва ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ инъикос ёфт.
ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб, густариши ҳамкории намояндагии дипломатӣ бо гурӯҳи расонаии аморотии «IRIS Media» боис шуд, ки раванди баргузории Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар сархати хабарҳои беш аз 100 воситаи ахбори омма, пойгоҳҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозии Аморот ва ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ қарор гирад.
Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳадафи ҳамкории пайвастаи сафорат бо расонаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб пешбурди дипломатияи иттилоотӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии арзишҳои миллӣ, чорабиниҳои фарҳангию таърихӣ, суннатҳои ниёгон, вежагиҳои тамаддуни куҳанбунёди тоҷик, имкониятҳои сайёҳӣ ва дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии кишвар дар хориҷ аст.
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»