Анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон


15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боку ба Ереван сафар карданд, то дар Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба гуногунии биологӣ иштирок намоянд.
15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон сафар карданд, то дар Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ иштирок намоянд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»