ВарзишМанбаи тоҷикӣ
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии дуюми дӯстона бо Қатар мусовӣ кард


Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Игор Суров дар бозии дуюми дӯстона дар Доҳа бо ҳамсолони қатарӣ бо ҳисоби 0:0 мусовӣ кард. Дар бозии аввал Тоҷикистон Қатарро 1:0 шикаст дода буд.
ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /Ховар/. Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Игор Суров бозии дуюми дӯстонаи худро бар зидди ҳамсолони Қатар дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Доҳа баргузор кард.
Ин вохӯрӣ бо натиҷаи 0:0 ба анҷом расид. Қаблан дар бозии аввали дӯстона наврасони Тоҷикистон тими Қатарро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда буданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»