Дар Душанбе ҷаласаҳои муштараки соҳаи алоқаи кишварҳои ИДМ баргузор мешаванд


29-30 сентябр дар Душанбе ҷаласаҳои муштараки мақомоти ҳамоҳангсоз ва роҳбарикунандаи соҳаи алоқаи кишварҳои узви ИДМ ва форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ баргузор мешаванд.
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, Шурои ҳамоҳангсозии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иттилоотонӣ ва Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ оид ба рушд барои минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегарданд.
Дар кори ҷаласаҳо иштироки роҳбарони мақомоти давлатии соҳаи алоқаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, намояндагони воломақоми мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ ва директори Бюрои рушди алоқаи барқии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ дар назар дошта шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»