Имзои ёддошти тафоҳум миёни мақомоти патентии Тоҷикистон ва Сербия


Дар доираи конфронси байналмилалии «IP Евразия / IP Тоҷикистон 2026» миёни Маркази миллии патенту иттилоот ва Идораи моликияти зеҳнии Сербия ёддошти тафоҳум имзо шуд.
22 октябри 2026, Душанбе. Дар доираи конфронси байналмилалии «IP Евразия / IP Тоҷикистон 2026» маросими имзои ёддошти тафоҳум миёни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Сербия баргузор гардид.
Тибқи хабар, имзои ин санад як қадами муҳим дар роҳи рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, таҳкими робитаҳои касбӣ ва густариши табодули таҷриба миёни ду кишвар мебошад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»