Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Муовини якуми раисиҷумҳури Эрон дар мулоқот бо сарвазири Тоҷикистон бар густариши ҳамкории дуҷониба дар тиҷорат, иқтисод, энергетика ва роҳҳои иртиботӣ таъкид кард ва аз пуштибонии Тоҷикистон аз Эрон сипосгузорӣ намуд.
Доктор Муҳаммадризо Ориф дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, бо ишора ба пайвандҳои бародарона, таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии ду кишвар гуфт, ки назари Эрон ба Тоҷикистон фаротар аз протоколҳои равобити хориҷӣ аст ва бояд дидорҳои дуҷониба барои расидан ба сатҳи баланди ҳамкорӣ бештар шаванд.
Вай аз мавзеъгирии Тоҷикистон дар баробари Эрон дар ҷанги Рамазон ва ҳамлаҳои ИМА ва режими саҳюнистӣ сипос карда, аз иқдомҳои ҳимоятии Душанбе қадрдонӣ намуд. Ориф ҳамчунин 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистонро ба давлат ва мардуми ин кишвар табрик гуфт ва зарфияти Созмони ҳамкории Шанхайро барои таҳкими амният, субот ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва зерсохторӣ ёдовар шуд.
Дар ин дидор, Қоҳир Расулзода гуфт, ки равобити ду кишвар бар пояи эътимоди мутақобил ва эҳтиром бунёд ёфтааст ва таъкид кард, ки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ бояд густариш ёбанд.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»