Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
23 сентябр дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ли Ҷунхуа, муовини Дабири кулли СММ ва мудири Раёсати СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA), мулоқот кард. Ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистонро дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор баррасӣ намуданд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», 23 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи ҳафтаи сатҳи баланди иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, мудири Раёсати СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA) Ли Ҷунхуа баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Раёсати СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, рӯзномаи ҷаҳонии об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор баррасӣ шуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз дастгирии ин раёсат дар пешбурди ташаббусҳои кишвар дар соҳаи об ва пиряхҳо, аз ҷумла баргузории Конфронси чоруми оби Душанбе дар соли 2026, изҳори сипос кард.
Ҳамчунин ҷонибҳо аҳаммияти идомаи ҳамкории муштаракро дар омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар Душанбе дар соли 2028 ва таҳияи Чаҳорчӯби оби Душанберо таъкид намуданд. Раванди омодагӣ, аз ҷумла нишасти омодагии сатҳи баланд дар қароргоҳи СММ дар соли 2027 ва ҷалби сохторҳои СММ ба ин раванд, низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»