Дар Берлин муаррифии аввалин маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA баргузор шуд


Дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон муаррифии маркази наве анҷом ёфт, ки дар пойгоҳи Area AI дар Душанбе бо дастгирии NVIDIA таъсис меёбад.
Ба гузориши «Ховар» 23.10.2026, дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон муаррифии аввалин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ (AI Innovation Hub) баргузор шуд. Ин марказ дар пойгоҳи платформаи Area AI дар Душанбе бо дастгирии ширкати NVIDIA таъсис меёбад ва муаррифии он дар ҳошияи конфронси байналмилалии NVIDIA GTC Berlin 2026 сурат гирифт.
Имомуддин Сатторов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, дар сухани худ аҳамияти рушди зеҳни сунъиро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон таъкид кард.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»