Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар бораи идоракунии инноватсионии давлатӣ ва иқтисоди рақамӣ баргузор гардид.
Душанбе, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» баргузор шуд. Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир, рақамикунонии равандҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва тағйирёбии муносибатҳои идоракунӣ такмили низоми идоракунии давлатӣ аҳамияти хосса дорад. Идоракунии инноватсионӣ ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат арзёбӣ шуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки Академия дар ташаккули тафаккури инноватсионӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои рақамӣ ва омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир нақши муҳим дорад. Зарурати ҳамгироии иқтидори илмӣ, таҷрибаи амалӣ ва технологияҳои нав барои татбиқи муваффақонаи ислоҳоти рақамӣ низ таъкид шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»