Миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол имзо шуд


Дар ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои ИДМ дар Брест Протокол дар бораи эътирофи мутақобили натиҷаҳои назорати гумрукӣ дар шакли электронӣ ба имзо расид.
ДУШАНБЕ, 2026-09-25 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Брест баргузор гардид, Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия дар бораи эътирофи мутақобили натиҷаҳои назорати гумрукӣ дар шакли электронӣ ба имзо расонида шуд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санад ба рушди ҳамкории гумрукии Тоҷикистону Русия, густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ, баланд бардоштани самаранокии мубодилаи маълумот ва эътирофи натиҷаҳои назорати гумрукӣ дар шакли электронӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон мулоқоти Хуршед Каримзода, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сардор ва намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои навсозӣ ва такмили нуқтаҳои гузаргоҳи гумрукӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, беҳтар намудани инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандонро баррасӣ намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»